АШТ: ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХАТИ ТАЙЁР.

 1 111 боздид
5.03.2024
Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи омодагӣ ба мавсими кишти баҳорӣ дар ноҳияи Ашт «Омодагӣ ба хатти тайёр» гузаронида шуда, тамоми техникаҳои кишоварзӣ бори дигар муаррифӣ ва аз назар гузаронида шуданд.
Дар ин чорабинӣ Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо, сардори Бозрасии назорати техникаи кишоварзии вазорати кишоварзи Шарифҷон Ҳомидов, сардори Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии вилояти Сугд Бахтиёр Ҷӯраев, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, механизаторон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.
Нахуст, Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳии иштирокдорон бо техникаҳои кишоварзӣ ва тухмиҳои хушсифати пахта шинос шуданд. Аз ҷониби мутахассисони соҳа ба меҳмонон аз рафти омодагиҳо ба мавсими нави киштукори баҳорӣ маълумот дода шуд.
. ..Ба роҳбари ноҳия иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия беш аз 600 адад техникаҳои кишоварзӣ дар ҳама намуди хоҷагидорӣ, аз ҷумла тракторҳои гуногунтамға, тухмипошаку, дорупошакҳо мавҷуд буда, дар ҳолати корӣ ва омодагӣ ба мавсими навбатӣ қарор доранд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ тухмиҳои истеҳсоли мутахассисони маҳаллӣ, навъҳои гуногун, олотҳои кишоварзӣ, ба маърази тамошо гузошта шуданд ва аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд гирифт.
Пас аз шиносоӣ бо техникаҳо, меҳмонон аз вазъи омодагиҳои кишоварзони ноҳия ба кишти баҳорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар вазъи идона пешқадамони соҳа барои фаъолияти босамар ва омодагиҳои назаррасашон ба мавсими кишти баҳорӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки бо туфайли заҳматкашони соҳаи кишоварзӣ ноҳияи Ашт аз зумраи пешқадамон дар сатҳи вилояту ҷумҳури дониста мешавад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.