АШТ: Маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Нақши занон дар тақкими сулҳу ваҳдат» ба истиқболи Рӯзи Модар ва 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

 204 боздид

Санаи 24-умифеврали соли 2022, тибқи ҷадвали кории Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз тарафи Раиси вилояти Суғд, Раиси Шӯро Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқгардидааст, дар алоқамандӣбо Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣва эҳёи Тоҷикистон дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби ХалқииДемократии Тоҷикистон дар ноҳия маҳфили илмӣ– адабӣ таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат» ба истиқболи Рӯзи Модар ва 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣдар толори МТМУ №31, ба номи М.Умаралиеви Ҷамоати деҳоти Меҳробод ташкил ва гузаронида шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки тибқи нақшаи корӣчунин маҳфилҳо дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо гузаронида мешавад.
Маҳфили илмӣ– адабӣ бо иштироки намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣва эҳёи Тоҷикистон Хоҷаева Мубина Ҷалоловна – доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,Маҷидзода Муҳаббат – мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, муовини озоди Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Рустамзода Наврӯз, намояндаи Шӯрои кор бо занон оид ба таҳкими «Сулҳва сулҳофарӣ»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Анҷумани «Пайванд» дар ноҳия Гулбаҳор Маликзода, РаҳимӣМалика Бурҳониддинзода – мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур аъзоёни ноҳиявии Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣва эҳёи Тоҷикистон, фаъолон, собиқадорони хизмати давлатӣ, занону бонувони касбу кори гуногун, модарони фарзандашон дар адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ходимон ва имомхатибони масҷиди панҷвақта, раисони кумитаҳои маҳалла аз Ҷамоати деҳоти Меҳробод иштирок доштанд.
Дар ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ– адабӣдар мавзӯъҳои «Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат», ««Вазъи ҳодисаҳои номатлуб байни занону бонувон дар сатҳи ноҳия ва роҳҳои пешгирии он»» аз ҷониби Хоҷаева Мубина Ҷалоловна – доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дар мавзӯи «Мақоми зан дар замони соҳибистиқлолии кишвар» — РаҳимӣМалика Бурҳониддинзода – мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар мавзӯи «Пешвои миллат – эҳёгари давлати навини миллӣ» Гулбаҳор Маликзода — намояндаи Шӯрои кор бо занон оид ба таҳкими «Сулҳва сулҳофарӣ»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Анҷумани «Пайванд» дар ноҳия, модари сарбоз Абдувалиева Зулфия дар мавзӯи «Модарон ҷонибдори сулҳу ваҳдатанд» маърӯзаву баромадҳои пурмуҳтаво карда шуд.
Аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии МТМУ №31, ба номи М.Умаралиеви Ҷамоати деҳоти Меҳробод шеърҳо дар васфи «Ватан», «Сулҳ» ва «Пешвои миллат» қироат карда шуда, барномаи фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорон ташкил карда шуд.
Ба модарони сарбоз Абдувалиева Зулфия, Умаралиева Гулрухсор, собиқадорони меҳнат Умурзоқова Тӯҳфаниссо, Узоқов Нодирҷон аз номи роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини раиси Ҷамоати деҳоти Меҳробод Ҳамзалиева Муҳаббат аз номи иштирокдорон барои ташриф ва суханрониҳои пурмуҳтавои намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Чорабинии мазкур дар рӯҳияи болидагӣ, шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ҷараён гирифт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.