АШТ: МАШВАРАТИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ШУД

 462 боздид

Имрӯз дар толори калони МИҲД-и ноҳия бо иштироки сардорони корхонаву муассисаҳои маркази ноҳия,аз ҷумла, соҳаҳои тиб, маориф, кишоварзӣ, роҳ, андоз ва чанди дигар машварати кории назди Раиси ноҳия доир гардид.
Аввалан, Раиси ноҳия Зариф Мирдадо маълумоти вазъи имрӯзаи соҳаи андозро пурсон шуд. Ба масъулини соҳаи андоз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон, Ашт, Ориён ва Пунук ҷиҳати ҷоннок намудани кор дар ин самт супоришҳои мушаххас дода шуд. Қайд гардид, бо вуҷуди он, ки имрӯз дар самти иҷроиши нақшаҳои андоз дар тамоми манотиқи кишвар душвориҳо пеш омадаанд, аммо бо ҷалби хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва фаъолияти пайвастаи масъулони ин соҳа дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷро намудани нақшаи андозсупорӣ ҳатмист.
Муовинони Раиси ноҳия ҷиҳати тезонидани таъмири агрегатҳои пойгоҳи обкашии АНС-1, ҷараёни барқароргардии насосҳо, рафъи мушкилиҳои мавҷуда дар самти таъмини боғдорон бо об, ба тартиб овардани заминҳои ҳосилхез, таъмини саривақтии майдонҳои кишти пахта бо об, кишти картошка, гандум, шолӣ, омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маълумот доданд.
Муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва сардухтури беморхонаи марказии ноҳия А.Имомов дар самти тезонидани кор дар таъсиси сехи оксигенӣ ва беморхонаи сироятӣ супориш гирифтанд.
Ҳамчунин сарвари ноҳия талаб намуд, масъулин ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус, риояи ҳатмии қавоиди беҳдоштӣ аз ҷониби сокинони ноҳия (бахусус дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон, Понғоз, Ашт) беэътиборӣ зоҳир накунанд. Аз 77 нафаре, ки гирифтори бемории илтиҳоби шуш гаштанд, 32 нафарашон аз ҷ.ш.Шайдон ва 17 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Понғоз мебошанд. Ва аз оғози бақайдгирии бемории мазкур дар ноҳия 4 нафар фавтидаанд. Ин рақамҳо ҳушдор медиҳанд, беҳавсалагиву беаҳамиятӣ зоҳир накарда, ҷиҳати рафъи ин беморӣ ва пешгирии роҳҳои паҳншавии он мубориза барем.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.