АШТ: МОДАР САРЧАШМАИ НЕКИҲОСТ!

 1 195 боздид

Санаи 7 марти соли равон дар толори МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов Рӯзи Модар таҷлил карда шуд. Аввалан дар даромадгоҳи театр  ҳунармандони ноҳия ба бо навохтани мусиқии мумтоз таъби ҳозиринро шод намуданд.

Баъдан дар толор табрики Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро намояндаи МИҲД-и вилоят Абдуллозода Шарифулло ба самъи модарон расонид.

» Имрӯз аз таваҷҷуҳу ғамхории давлату Ҳукумати кишвар ба зан-модар, офарандаи башар наметавон ҳарф нагуфту шукр накард. Имрӯз зан модар, сарвар, табиб, иқтисодчӣ, сиёсатмадор билохир қувваи пешбарандаи ҷомеа аст.»

Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода кулли модарону бонувонро бо Рӯзи Модар таҳният гуфта, барояшон саодати рӯзгор, саломатии бардавом, хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Гуфта шуд, ки занону модарони тоҷик  рисолати ҳамешагии хеш — тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси давлати соҳибистиқлолро дар рўҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол мерасонанд. Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории ў расем.

Барномаи фарҳангӣ, ки хеле ҷолибу рангин буд, бо қарсакҳои пурмавҷ қадр карда шуд. Беҳтарин суруд ва рақсҳо, саҳнаҳои ҷолиб пешниҳоди тамошобинон гардид. Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода барои омода намудани чунин барномаи пурмуҳтаво ба аҳли ҳунармандони бахши фарҳанг ва театр изҳори сипос намуд.

Дар маҷмааи “30 солагии Истиқлол” барои бонувон дастурхони идона ва барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.