АШТ: Мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба бокс

 545 боздид

Имрӯз, 20 июли соли равон дар толори Мактаби варзишии №1-и ноҳияи Ашт мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба бокс байни ҷавонон ва наврасони соли таваллудашон 2002-2008 оғоз гардид, ки он то санаи 21 июл идома меёбад.
Мақсад аз баргузории мусобиқаро Зариф Боймуротов и.в мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳия, баргузории чунин як мусобиқа байни ҷавонон ва наврасон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва ривоҷу равнақ додани ин намуди варзиш дар ноҳия арзёбӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки дар ин мусобиқа беш аз 50 нафар ҷавонон ва наврасон аз ноҳияи Ашт ва аз шаҳри Хуҷанд 15 нафар варзишгарон иштирок намуда байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Ғолибонро медал ва дипломи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия интизор аст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.