Субҳи имрӯз, санаи 9 августи соли равон, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоӣ — фарҳангӣ, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сардухтурони беморхонаи марказӣ, муассисаи давлатии кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳия ва масъулони тарабхонаҳои ҳудуди ноҳия ширкат варзиданд.
Мақсад аз баргузории ҷаласа ин иҷрои банди 2, протоколи №2к/23-25 аз 16 апрели соли 2021, ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сироятӣ нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ дар баргузории туйи домодию арӯсӣ дар ҳудуди ноҳия то 100 нафар бо риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ дастур дода шуд, ки ҳангоми баргузории тӯйи домодию арӯсӣ қоидаҳои гигиенӣ ба таври ҳатмӣ риоя карда шавад. Ҳангоми иҷро нагардидани дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ карда мешавад. Пеш аз багузории маъракаҳо, маҳалҳои ҷойи баргузории тӯй безарар карда шуда, бе иштироки хурдсолон, бо риояи масофаи иҷтимоӣ баргузор карда шавад.
Дар интиҳо роҳбарияти ноҳия ба масъулин ҷиҳати мунтазам ба иҷро расонидани супоришҳои болозикр дастур доданд.