Санаи 18 июни соли ҷорӣ тибқи Нақша — чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани қабули шахсии сайёр аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ, қабули шахсии сокинони ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо иштироки сардори шуъбаи чорабиниҳои оперативии Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Маҳмуродзода Олимҷон Ҳақназар баргузор гардид.
Намояндаи масъули Агентиро нозири калони шуъбаи коргузорӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Агентӣ Шӯҳратзода Шероз, аз Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қодирҷонзода Абдуҷалол ҳамроҳӣ доштанд.
Қабули шаҳрвандон таҳти раёсати сардори шуъбаи чорабиниҳои оперативии Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Маҳмуродзода Олимҷон Ҳақназар ва раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат ҷараён гирифта, ҳамзамон, дар он муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ташкилоту муассисаҳо ва ғайра иштирок доштанд.
Дар маҷмӯъ, 16 нафар шаҳрвандони ноҳия аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба масъалаҳои мусоидат барои таъмини қитъаи замини наздиҳавлигӣ, баҳси замин ва дигар масъалаҳои марбута ба он, расонидани ёрии моддӣ ва кӯмак барои табобат, дастгирии иҷтимоӣ ва ғайра муроҷиат намуданд.