АШТ: РАИСИ НОҲИЯ БА НИЁЗМАНДОН АРОБАЧАИ МАЪЮБӢ ТАҚДИМ НАМУД

 621 боздид

Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин навбат дар арафаи Иди саиди Фитр аз ҷониби Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба 3 нафар ниёзмандон аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд.

Раиси ноҳия ба деҳаи Сарои Ҷамоати деҳоти Понғоз ташриф оварда аз аҳволӣ маъюбӣ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қучқор Ҳодҷиматов (13.10.1926) хабар гирифт ва аробачаи маъюбӣ тақдим намуд. Дар раванди сӯҳбат, раиси ноҳия таъкид намуд, ки хизматҳои шоёни ҷанговарон ва  саҳми назарраси онҳо дар таҳкими оромӣ калон буда, дар саҳифоти тарих бо ҳарфҳои заррин навишта  шудааст.

Баъдан ба Шоҳҷаҳон Шаҳобиддинов (28.10.2012) сокини шаҳраки Гулшани Ҷамоати деҳоти Шодоба аробачаи маъюбӣ аз ҷониби Раиси ноҳия дар арафаи Иди саиди Фитр дастрас гардид. Шоҳҷаҳон аз кудакӣ маъюб буда, солиёни зиёд ба аробача эҳтиёҷ дошт ва имрӯз орзуяш амалӣ гашт. Пас аз муроҷиати модараш ба унвони Раиси ноҳия дар фурсати кутоҳ аробача дода шуд. Зимни супоридан Раиси ноҳия гуфт, ки ҳамеша давлат шахсони имконияташон маҳдудро ҳамаҷониба дастгирӣ месозад ва дар мадди аввал қарор медиҳад.

Нозимҷон Ҳамралиев (06.07.1979) маъюби гуруҳи якум буда, соҳиби чор фарзанд мебошад ва  барои табобат ба аробачаи маъюбӣ эҳтиёҷ дорад. Бо дастгирии Раиси ноҳия имрӯз соҳиби аробачаи маъюбӣ гашт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.