АШТ: РАИСИ НОҲИЯ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ШИВАР МУЛОҚОТ НАМУД.

 653 боздид

09.08.2023

Имрӯз Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинони деҳаи дурдасти Шивари Ҷамоати деҳоти Ошоба  вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни баромади хеш Раиси ноҳия ба мардуми  деҳа аз дастовардҳои ноҳия дар ҳафт моҳи соли равон маълумот дод.

Роҳбари ноҳия илова намуд, ки бо ҳиссагузории шахсони  саховатпеша тариқи ҳашар корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат дорад.  Шӯҳрат Муҳаммадзода ба сокинон муроҷиат намуда гуфт:

«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҳама шароити зарурӣ фароҳам овардаанд. Акнун навбати нангу номус фаро расидааст, ки мо бояд маҳали худро ободу зебо намоем. Шукр, ки Ватанамон ором аст ва ҳама дастовардҳо аз тинҷӣ аст.»

Сипас, Раиси ноҳия пешниҳод намуд, ки роҳи Марҳамат-Шивар бо таври ҳашар  ва маблағгузории соҳибкорону саховатмандон мумфашр карда шавад.

Ин пешниҳоди Раиси ноҳияро сокинон бо як овоз дастгирӣ намуданд.

Раиси  ноҳия аввалин шуда, саҳми худро гузошт  ва баъдан сокинон аз ҷой бархеста, саҳмгузорӣ намуданд. Ҳамин тариқ беш аз 250 ҳазор сомонӣ мабалағи интизорӣ дар як вохӯрии Раиси ноҳия ҷамъ гардид ва ин раванд  идома дорад.

Роҳбарияти ноҳия масъулинро вазифадор намуд, ки барои омода намудани роҳ ва васеъ намудани пули “Ошобасой” барои мумфаршкунӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси ноҳия дар фарҷом аз ҳар як сокини деҳа даъват ба амал овард, ки вобаста ба пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бетараф набошанд.

Хадамоти матбуоти раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.