АШТ: РӮЗИ ДОНИШ ТАҶЛИЛ ГАРДИД.

 4 229 боздид

01.09.2023

Имрӯз, бо иштироки  Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф Ҷаҳонгир Салимзода ва роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муассисаи таълимии рақами 36-и ноҳияи Ашт Рӯзи дониш дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.

Дар оғоз намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф Ҷаҳонгир Салимзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ироа намуд.

Дар идома Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода устодону хонандагонро ба муносибати Рӯзи дониш  таҳният намуд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: “Мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар муҳити он соҳиби саводу маърифат ва илму дониш мегарданд, мероси гаронбаҳои таъриху фарҳанги халқамонро аз худ мекунанд, сабақи ватандӯстиву оини ватандорӣ мегиранд ва ба туфайли он дар ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд.”

Дар ноҳия низ дар доираи омодагиҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 адад муассисаи таълимӣ сохта шуданд. Инчунин, дар ин давра дар 6 муассисаьои таълимии ноҳия 44 адад синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва ҳамасола 74 адад муассисаҳои таълимии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад. Айни ҳол сохтмони 2 адад муассисаи таълимӣ ва бинои шуъбаи маорифи ноҳия идома дорад. Ин иқдом то таҷлили ҷашн ва минбаъд низ давом ёфта, баҳри боз ҳам баланд бардоштани таълиму тарбия мусоидат менамояд.”

Дар фарҷоми сухан Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли хониши нав барору комёбиҳо таманно намуд.

Барномаи фарҳангии мухтасари хонандагон ва садо додани занги аввал ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Хадомоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.