АШТ: Рӯзи Ҷанговарони байналмилал дар ноҳия таҷлил гардид.

 747 боздид

Имрӯз 15 феврал, дар назди муҷассамаи Ҷанговарони байналмилал, бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовини раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, ҷанговарони байналмилал, рӯзи Ҷанговарони байналмиллал таҷлил карда шуд.

Тавре Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳамадзода дар баромади худ зикр дошт, дар муҳорибаҳои шадиди Афғонистон садҳо нафар ҷавонону сарбозон аз Тоҷикистон ҷони худро қурбон карданд, то нафаси охирон ба қасами ҳарбии худ дар назди халқу Ватан содиқ монданд. Ин қаҳрамониҳо барои мо ҷавонон ва мардуми тоҷик бояд абадӣ намуна бошад. Хотираи неки он фарзандон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намегардад.

Баъдан ба як қатор Ҷанговарони байналмилал дар фазои идона медалҳои ҷашнӣ,

Сипас аз тарафи Раиси ноҳия ба Ҷанговарони байналмиллал медал ва тӯҳфаҳои молиявӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз ноҳияи мо 178 нафар иштирок карда, дар муҳорибаҳои ҷангӣ 3 нафар фавтиданд ва баъди ҷанг 17 нафар вафот карданд. 9-нафар дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ маъюб ва 6-нафар ба гурӯҳи маъюбӣ баъди ҷанг дохил гардида, зиёда аз 60 нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд,  дар фарҷом чорабинии мазкур сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ ҷараён гирифт.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳяия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.