АШТ: БАРАКАТИ БАРФ

 289 боздид

Аз шоми  19 феврали соли ҷорӣ то ҳол дар ноҳия пайваста боридани барф мушоҳида мегардад. Бо мақсади фароҳам овардани мунтаззами ҳаракати нақлитҳои хурду бузург Раиси ноҳия ба масъулини идораи роҳ ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Шӯҳрат Муҳаммадзода бобати саривақт  тозаву  бехатар намудани роҳҳои протаколӣ ва нуқтаҳои нишебу хатарнок бо масъулини нигаҳдории роҳ, коммуналӣ, хизматрасонии нақлиёти санитарӣ ва дигар мутасаддиёни ободонӣ дастур дод.

Таъкид шуд, ки фасли зимистон ҳоло ҳам ҳукмфармост ва ҳоло барф борида истодааст, табиист, ки боридани боришоти зиёд то саҳар ба равуои бемамоният халал эҷод менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷиҳати омодагӣ ба фасли зимистон  663 тонна маводи зидди лағжиш захира ва ҳамарӯза 6 адад техникаҳои гуногун сафарбар карда мешаванд.

Бояд зикр аст, ки ин раван яъне боридани барф барои ҳосилнокии замин, муътадил нигоҳ доштани ҳолати намзахиракунии он, хоса барои соҳаи боғдорӣ имконият фароҳам  меорад, ки ҳашаротҳо ва касалиҳои зараровар нобуд гардад. Бино ба маълумоти мутахассисони

соҳаи кишоварзии ноҳия дар натиҷаи боридани барф дар 5 сойҳо асосии ноҳия омадани обҳои худҷорӣ  фаровон гардида, таъминоти бо оби полезӣ беҳтар мегардад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.