АШТ: РУЗИ МЕЛИОРАТОРОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

 428 боздид

Ҳамасола дар саросари кишвар 13 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рўзи мелиораторон” таҷлил карда мешавад.
Бо мақсади таҳният намудани кормандони соҳа Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии “30 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ “ ташриф овард. Раиси ноҳияро роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ҳамроҳи намуданд. Зимни табрикоти хеш роҳбари ноҳия изҳор дошт:
«Дар пешрафти хоҷагии халқи ноҳия ҳиссаи кормандони идораи Беҳдошти замин ва обёрӣ назаррас аст. Бо заҳматҳои пайвастаи масъулони соҳа майдонҳои кишоварзӣ доимӣ бо об таъмин гардид. Пойгоҳҳои обкашии АНС 1,2,3,4,5 , Чумчуқҷар, ГКНС, Сехи таъмирӣ, канали Шимолии Фарғона пайваста фаъол шуд. Таваҷҷӯҳ ба соҳа аз ҷониби Роҳбари давлат ва Раиси вилоят хеле зиёд аст. Соли ҷорӣ барои таъмири пойшоҳҳои обкашии ноҳия ва беҳтар намудани ҳолати меларативии замин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят 650 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 820 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки амсоли аниқ ба гуфтаҳои болост.
Дар фарҷом Бобалиев Махфиралӣ роҳбари идораи Беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия Ашт барои таваҷҷӯҳ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси ноҳия изҳори сипос намуд.
Баъдан дар фазои идона ба собиқадорон ва фаъолони соҳа Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.