АШТ: РӮЗИ  СОХТМОНЧИЁН ВА 50- СОЛАГИИ “АШТИ КАЛОН” ТАҶЛИЛ ГАРДИД.

 4 596 боздид

Дар ноҳияи Ашт рӯзи сохтмончиён ва 50 -солагии “Ашти калон” дар сатҳи баланд бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода таҷлил карда шуд.

Дар таҷлил собиқадорони соҳаи сохтмон ва пирони кор иштирок намуданд. Дар оғоз роҳбари ноҳия  ҳайати меҳмононро аз ҷараёни коргоҳи ҷӯроббофӣ ва коркарди нахи пахта, ки бо 600 ҷойи корӣ бунёд мегардад, шинос намуд.

Сохтмончиён ва собиқадорони меҳнат ба бунёди коргоҳҳои азим дар ноҳия баҳои баланд дода, барои фароҳам овардани чунин шароит дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат ва   саҳмгузорони коргоҳ дуои хайр намуданд.

Сипас, боздиди меҳмонон аз ҳавзҳои моҳии ҶДММ “Рахшона”, ки ба таври интенсевӣ бунёд гардидааст, шиносоӣ намуданд.

Баъдан ҷамъомади тантанавӣ дар толори Маркази сайёҳӣ-истироҳатии “Рахшона”  ҷараён гирифта, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни суханронии худ кулли сохтмончиёнро ба иди касбиашон табрик гуфт ва нақши сохтмончиёнро дар ободонии Ватан назаррас арзёбӣ намуд.

Роҳбари ноҳия илова кард, ки маҳз туфайли кормандони соҳа 50 сол муқаддам кор дар “Ашти калон” оғоз гардида, таҳаввулоти ҷиддӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба амал овард.

Сипас, дар фазои идона барои сохтмончиён ва дастандаркорони “Ашти калон ” аз тарафи Раиси ноҳия дастурхони идона ороста шуд ва гирифтани акси хотиравӣ анҷомбахши чорабинӣ буд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.