АШТ: САФАРИ КОРИИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ НЕЪМАТУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОЗОДА.

 4 046 боздид
03.10.2023
Бо мақсади шиносоӣ аз корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия Неъматулло Ҳикматуллозода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ба ноҳия бо сафари корӣ ташриф овард ва он ҷараён дорад.
Нахуст, Ҳикматуллозода Неъматулло ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва дигар шахсони расмӣ дар таҷлили ‘Рӯзи кӯҳансолон’ дар даромадгоҳи ноҳия иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки мӯйсафедон аз 9 ҷамоати деҳоти ноҳия дар сари хони идона сарҷамъ омаданд. Ҳамзамон, соҳибкороне, ки маблағҳои назаррас барои таъмири роҳи Ашт-Хуҷанд хайр карданд даъват карда шуданд.
Дар оғоз тамоми собиқадоронро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ба ифтихори «Рӯзи куҳансолон» аз номи Пешвои муаззами миллат таҳният намуд.
Сипас, Шӯҳрат Муҳаммадзода ба сухан баромада аз хизматҳои пайвастаи собиқадорон дар рушду нумеӯъи давлат ҳарф зада:
«Хизматҳои шуморо давлату ҳукумат қадр мекунад ва пайваста барои баланд бардоштани сатҳи зиндагатон тадбирҳои зарурӣ меандешад»
Дар идомаи чорабини барои нафароне, ки ба роҳи Ашт-Хуҷанд саҳмгузори карданд бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуд.
Баъд аз гирифтани дуои пирони кор таъмири расмии роҳи Ашт- Хуҷанд бо иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода оғози расмӣ бахшида шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.