АШТ: ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

 483 боздид

Имрӯз, 03.06.22 дар дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт   таҳти раёсати Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳия баргузор гардид. Дар чорабинӣ  роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарияти ҲХДТ дар ноҳия,  ҷавонони фаъол ва гирандагони стипендияи Раиси ноҳия ширкат варзиданд.

Зимни баромад роҳбари ноҳия қайд  кард:   “Сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, то ба имрӯз ҳар як иқдоми созандаи ҷавонон дастгирӣ ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо ҳамеша қадр карда мешаванд. Ифтихор мекунам, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок доранд.

Дар идома мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Парвез Салоҳидинов маърӯза намуда, роҷеъ ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва амалишавии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави ноҳия, фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, дастовардҳо ва муваффақиятҳои ҷавонони ноҳия дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла илму фарҳанг ва варзиш маълумот дод:

» Аз ҷониби масъулин ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ як қатор озмунҳои ноҳиявӣ иншои беҳтарин ва мақолаи беҳтарин дар мавзӯъҳои «Артиши милли сипари боэътимоди Ватан», «Хизмат ба Ватан шараф аст», «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» ва амсоли инҳо гузаронида шуданд. Ҳамзамон, байни ҷавонони ноҳия конфронсҳо, семинар – машваратҳо дар мавзӯҳои беҳтар намудани масоили тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастии ҷавонон, таъмини тарзи ҳаёти солим, ҷавонон-ҷонибдори сулҳ, дастовардҳои ҷавонон дар даврони Истиқлолият, Наврӯз мероси ниёгони мо, мо ҷавонон бар зидди терроризм бо фарогирии зиёди ҷавонон ташкилу баргузор карда  шуданд.»

Дар фарҷоми кори ҷаласа бо овоздиҳии аъзоёни Шӯро қарори дахлдор қабул гардида,Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷавонони болаёқат ва ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалиро бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.