АШТ: СИТОДИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ШУД.

 1 535 боздид

12.10.2023                                                     вақт  18:00

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситоди кории Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо иштироки муовини Раиси вилоят оид ба кишоварзӣ Зариф Мирдадо баргузор гардид.

Дар кори ситод масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалати  вилоят,  муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини Раёсати кишоварзӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода кори ситодро оғоз намуда, вобаста ба ду масъала:

1.Ҷамъоварии ҳосили пахта-2023

  1. Таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №621 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996 — 2005” .

Дар идома Зариф Мирдадо вобаста ба ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта аз масъулин пурсон шуд.

Сипас, Шӯҳрат Муҳаммадзода  роҳбарияти хоҷагиро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён ва дигар саҳмдорон вазифадор намуд.

Роҳбари ноҳия  дастур дод, ки бо истифода  аз боду ҳавои мусоид ҳосили пахтаро  ҷамъоварӣ намоянд.

Дар давоми ситод Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба даъвати тирамоҳӣ баёни андеша намуд:

“Ҳоло дар тамоми қисмҳои низомӣ шароитҳои зарурӣ ва мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст. Иншоотҳои қисмҳои ҳарбӣ бо тамоми шароити маъишӣ таъмин буда, сарбозон дар шароити хуб адои хизмат мекунанд.”

Дар фарҷом барои раъфи камбудиҳои ҷойдошта дастур дода шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Ашт

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.