АШТ: Ситоди назди Раиси ноҳия оид ба даъвати тирамоҳӣ баргузор гардид.

 422 боздид

Субҳи имруз, санаи 23 — юми ноябри соли 2021, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, ки рӯзи гузашта дар ҷаласаи корӣ баён намуданд, таҳти раёсати Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ситоди навбатӣ баргузор гардид.
Дар кори ситод муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳия, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Шавкатзода Кишвар, сардорони раёсату кумитаҳо, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамъияти матлубот дар ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сархатиб, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, варзишӣ, роҳбарони хоҷагиҳои ҷангал, зотпарварии ба номи Т.Эрйигитов, КИХҶ “Иттифоқ”, “Ниҳолпарвар”, “Мичурин”, масъулони вобасташудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба даъвати тирамоҳӣ, раисон ва мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд.
Нахуст муовини Раиси ноҳия – Раиси коммисияи даъвати ҳарбӣ Маҳмудзода Ҷамшед оид ба рафти даъвати тирамоҳӣ маълумоти муфассал дод.
Баъдан аз ҷониби Раиси ноҳия ба масъулини сохторҳои марбута дар муҳлатҳои муаяйншуда ҷамъбаст намудани нақшаи даъвати тирамоҳӣ, омодагии ҳамаҷониба ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар охир роҳбарияти ноҳия ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ба иҷро расонидани супоришҳои болозикр дастур доданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.