АШТ: ТАЪИНОТИ  КАДРӢ

 588 боздид

Дар шӯбаи маорифи ноҳияи Ашти  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъиноти кадрӣ ба амал омад. Дар муаррифии он Нарзуллозода Зиёратшо Сайфулло –сардори  Раёсати таҳсилоти миёнаи  умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфулло Раҳматов-муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд,  Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, директори муассисаҳо иштирок намуданд.

Ҳайдарзода Муясар Анорқул тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи мудири маорифи ноҳияи Ашт озод ва ба ҷойи ӯ Акмал Киромиддинов ба мансаби мудири маъорифи ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин гардид.  Барои меҳнатҳои содиқона ба Ҳайдарзода Муясар изҳори сипос намуд.

Дар ин бораи Нарзуллозода Зиёратшо Сайфулло зимни баромади хеш фармоиши Вазири маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба саъми ҳозирин ироа намуд.

Баъдан Сайфулло Раҳматов-муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд дар бораи хизматҳои арзандаи Ҳайдарзода Муясар Анорқул ёдовар шуда, барои саҳми арзандааш дар рушди соҳаи мориф изҳори сипос намуд.

Зимни табрикоти хеш Раиси ноҳия аз хизматҳои созгори  Ҳайдарзода Муясар Анорқул дар самти маориф ёдовар шуд:

—Ҳайдарзода Муясар инсони хоксор, соҳибмаърифат буда, дар пешрафти соҳаи маорифи ноҳия нақши муҳим дошт. Беш аз 6 соли фаъолияташ пайваста ба дастовардҳои навин мушарраф гашт ва худро чун марди фидокор ба касб нишон дод.

Бо супоридани номаи шодбошӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ чорабинӣ анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.