АШТ: Таҷлили “Рӯзи Модар” дар ноҳия.

 264 боздид
Санаи 5 — уми марти соли 2022, дар толори муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ — драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” ба муносибати “Рӯзи Модар” чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муовини Раиси вилоят Мирдадо Зариф Мирмкҳаммадӣ, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату кумитаҳо, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони соҳаҳо, собиқ Раисони ноҳия ва собиқ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд. Нахуст муовини Раиси вилоят Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон расонида, зикр дошт, ки зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолат раҳнамои рӯзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд. Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат ҳозиринро ба ҷашни “Рӯзи Модар” шодбош намуда, иброз дошт, ки Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман аҳли башар ба ин шахсияти бемислу беҳамто арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Аз ҳамин сабаб ҷашни фархундаи “Рӯзи Модар” бо фарорасии баҳор Соли нави аҷдодӣ мутобиқ гардида, ин ду рамзи некиву саодат пайи ҳам таҷлил карда мешавад. Ба ифтихори ин ҷашни мубораку фараҳбахш — Рӯзи Модар тамоми модарону бонувони диёр, фарзандони некбахти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамаи Шумо ҳозирини арҷмандро аз самими қалб табрик гуфта, бароятон хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям. Чуноне, Пешвои муаззами миллат зимни суханрониашон ба ин муносибат таъкид намуданд, ки: Ҳар кадоми Шумо, модарону хоҳарони гиромӣ, тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахшандаи анъанаҳои неки гузашта буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳед ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоед”. Модарони азиз! Итминони комил дорам, ки Шумо — ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии диёрамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро бо садоқату устувории модаронаи худ идома медиҳед. Бл ҳамин умеду орзуҳои нек, Шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархунда — Рӯзи Модар табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо ва ба ҳамаи бонувону хоҳарони ноҳия тандурустиву саодатмандӣ ва дар ҳаёти оилавиатон меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Сано ба Модар — ба олиҳаи меҳру шафқат, раҳнамову раҳбар ва азизи ҳар як хонадон! Ҷашн муборак бошад модарону хоҳарони азиз!
Сипас, якқатор бонувони фаъол, ки дар чорабиниҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида буданд, бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир ҷиҳати болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.