АШТ: Тантанаҳои Наврӯзӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Пунук ва Ифтихор

 873 боздид

Санаи 19-уми марти соли равон, таҷлили ҷашни Наврӯз дар  Ҷамоатҳои деҳоти Пунук ва Ифтихор баргузор гардид.

Рафторҷон Муҳаммадиев сардори Раёсати кишоварзӣ дар ноҳия, табрикоти Раиси ноҳия Зариф Мирдадоро ба сокинони Ҷамоати деҳоти Пунук расонида, зикр дошт, ки

Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои миллӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кина ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯстӣ ва расидан ба қадри зиндагии хуррамона мебошад.

Баъдан аз тарафи хонандагон ва устодони санъат барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзури иштирокдорон гардид.

Давоми рӯзи 19 март чорабинии идона бахшида ба Наврӯзи фархундапай дар Ҷамоати деҳоти Ифтихор доир гардид, ки дар он Аниса Ҷалилӣ муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ширкат намуд.

Аниса Ҷалилӣ муовини Раиси ноҳия, сокинони Ҷамоати деҳоти Ифтихорро ба ҷашни Наврӯзи аҷам таҳният гуфта, табрикоти Раиси ноҳия Зариф Мирдадоро ба самъи ширкаткунандагон расонид.

-Таҷлили ҷашни Наврӯз моро водор месозад, ки барои ободу зебо гардонидани диёрамон корҳои созандагию ободониро вусъат бахшида, ҷиҳати таъмини зиндагии босаодат ва орому осудаи сокинони ноҳияамон бештар заҳмат кашем ва сарҷамъу муттаҳид бошем.

Дар охир хонандагон ва бахши фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ифтихор барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши сокинон гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз санаи 19 то 24 март дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, бахшида ба Иди Наврӯзи фархундапай чорабиниҳои идона баргузор карда мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.