Зафар Мамадҷонов собиқ муовини аввали Раиси ноҳия 63 сола шуд

 655 боздид

Имрӯз, 20 март дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, 63-умин солгарди зодрӯзи дорандаи медали “Хизмати шоиста”, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Зафар Мамадҷонов таҷлил карда шуд.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, мушовири Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, узви Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати чорум Анвар Ҷалилов, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, собиқадорони меҳнат ва аҳли пайвандон иштирок доштанд.

Анвар Ҷалилов мушовири Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Паёми табрикии Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба муносибати ҷашни 63-умин солгарди Зафар Мамадҷоновро ба самъи ҳозирин расонид.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо дар баромади худ зикр дошт, ки таҷлили рӯзи мавлудатон ба рӯзҳое рост омадааст, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни аҷдодӣ-Наврӯзи ҷаҳонии хуҷастапайро дар фазои сулҳу субот, руҳияи созандагиву бунёдкорӣ, шукргузорӣ аз ваҳдату соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифта истодаанд.

-Зафар Тошматович Шумо умри бобаракати худро дар корҳои ташвиқотӣ, корҳои роҳбарӣ ва ба хизмати давлатӣ равона карда, ҳамчун муовини аввали Раиси ноҳия фаъолият карданатон дар пешрафти соҳаҳои саноат, сохтмон, корҳои ободонӣ ва созандагӣ, бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, беҳдошти вазъи маҳалҳои зист, мустаҳкам ва барқарорсозии оилаҳо, баланд бардоштани таълиму тарбия ва маърифати мардум хизматҳои намоён кардаед. Имрӯз шогирдонатон ҳамчун шахсони барӯманд, хоксор ҳаёт ба сар мебаранд ва дар пешрафти ҷомеа ҳиссагузорӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Мамадҷонов Зафар Тошматович пас аз хатми  мактаби олии Ҳизбии шаҳри Мински Белоруссия аввал ташкилотчии ҳизбӣ, сипас чун ҷонишини директори корхонаи хурди истеҳсолии “Мебел”, аз соли 1995 то соли 2011, аввал дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, баъдан муовини аввали Раиси ноҳия шуда кор кардааст. Аз соли 2011 то соли 2013 раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдон, аз соли 2013 то соли 2014 раиси Ҷамоати деҳоти Шодоба, аз соли 2014 то соли 2015 мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Зафар Мамадҷонов аз моҳи феврали соли 2015 то ба синни ниҳоӣ  расидан, ҳамчун мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, иҷрои вазифа намуда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки  Зафар Мамадҷонов, барои хизматҳои шоиста ба халқу Ватани хеш, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25 августи соли 2012, №1320, бо медали “Хизмати шоиста” мукофотонида шудааст.

Дар охир ҳамкорон, устодон ва аҳли пайвандон соҳибҷашн Зарфар Мамадҷоновро ба муносибати расидан ба синни 63 солагӣ самимона шодбош гуфтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.