АШТ: Ташрифи Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия

 679 боздид

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №АП-52 дар бораи муайян намудани сарпарастон аз ҳисоби масъулони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва рушди муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ субҳи имрӯз, санаи 14 октябри соли равон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ва сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Зиёзода Фаррух Умар ба ноҳия ташриф оварданд.
Дар даромадгоҳи ноҳия меҳмононро Раиси ноҳия Мирдадо Зариф пазироӣ ва ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмонон ба муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ – техникии ноҳия ташриф оварда, хобгоҳ, толори маҷлисгоҳ, толори китобхонӣ, даромадгоҳ ва ошхонаро, ки аз ҷониби сарпарасти Литсей Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра азнавсозӣ карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Роҳбарияти ноҳия зимни баромади худ қайд намуданд: “Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯз дар соли таҷлили ҷашнвораи бузурги таърихӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташрифи меҳмонон дар ифтитоҳи бинои хобгоҳи муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ – техникии ноҳия моёнро руҳбаланд гардонида, аз ин фурсат миннатдории самимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба Шумоён меҳмонони иззатманд мерасонам.
Боиси қайд аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии кишвар арзёбӣ гардида, Ҳукумати кишвар барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад.
Хушбахтона, имрӯз бо дастгирии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хобгоҳи муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ – техникии ноҳия бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ карда, ба истифода дода шуд.
Албатта, имрӯз мо марҳила ба марҳила ҳадафҳои стратегии давлатро бо сарҷамъиву муттаҳидӣ амалӣ намуда истодаем. Ҳадафи чоруми давлат, ки ба рушду нумӯи кишвар нигаронида шудааст, ин саноатикунонии босуръати кишвар аст. Маҳз, муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ – техникии ноҳия мутахассисонро дар самти саноат омода намуда, ба соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия равона менамояд.
Саҳми ин боргоҳи ҳунар баҳри соҳибкасбу ҳунарманд намудани насли ҷавон хеле калон аст ва итминон дорем, маъмурият ва омӯзгорону мутахассисони ин муассиса дар фаъолияти минбаъдаи худ навоварии касбӣ эҷод намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ба азхудкунии касбҳои гуногуни ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ равона месозанд.
Ман барои иштирок дар ифтитоҳи хобгоҳи муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ – техникии ноҳия ва дастгириҳои ҳамаҷониба аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори сипос намуда, бовар мекунонам, ки ҳозирин ва умуман кормандони касбу кори гуногуни ноҳия дар фаъолияти худ доир ба масъалаи баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо саҳмгузорӣ дар корҳои ободкориву созандагӣ дар соли ҷашни бузурги миллӣ — 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.”.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ба сухан баромада, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии кишвар арзёбӣ гардида, Ҳукумати кишвар барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад.
Зеро, тамоми ҷаҳду талошҳо, ташаббусҳои созанда, эълон намудани 20-солаи фанҳои дақиқ ва як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба хотири баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанг, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Сипас, Эраҷ Шодиматов омӯзгори муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ – техникии ноҳия ва Баҳриддинов Бурҳониддин хонандаи литсей баромад намуда, минатдории самимии кулли омӯзгорону хонандагонро ба роҳбарияти Агентӣ расониданд.
Инчунин дар тарабхонаи “Гулшан”-и Ҷамоати деҳоти Шодоба барои 400 нафар омӯзгорону хонандагон ва аҳли деҳа хӯроки нисфирӯзӣ бо барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ – техникӣ ва вусъат додани фаъолияти литсейи мазкур аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад автомашинаи сабукрав, як адад микроавтобус, 10 адад компютеру ноутбук ва 400 адад китобҳои фаннию бадеӣ туҳфа гардида буд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.