АШТ: ХИЗМАТ БА ВАТАН АЗ НОМУСИ ВАТАНДОРИСТ!

 3 700 боздид

Имрӯз, 2-юми октябр соли 2023, дар майдони парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, маросими ботантанаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими гусели наваскарони ихтиёрӣ, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардори коминсарияти ҳарбӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарбозони қисмҳои низомии ноҳия, падару модарони навдаъватшавандаҳо ширкат карданд.

Дар оғоз Раиси ноҳия баромад намуда, бобати ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва пос доштани тинҷиву оромӣ ва хизматҳои Пешвои муззами миллат ҳарф зад:

“ Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст. Ҷавонони мо дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки моҳияти мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, дарси далериву шуҷоат ва садоқатро омӯзанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.

Мо бо ҷавонони худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқи Тоҷикистон содиқ мебошанд”.

Мо боварӣ дорем, Шумо, фарзандони азиз, бо одоби намунавӣ ва хизматҳои шоистаи худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар таъмини амният, ҳифзи марзу бум ва сулҳу суботи мамлакатамон садоқати худро ба давлат ва мардуми Тоҷикистон собит хоҳед кард.”

Имрӯз, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №621 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 — 2005” бо камоли ифтихор ва хушнудӣ зиёда аз 100 нафар даъватшавандагонро ба хизмат, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гусел карда шуд.

Сипас, сарбози қаторӣ аз қисми ҳарбии 14356Б, даъватшаванда аз ҷамоати деҳоти Меҳробод, собиқадори меҳнат дар назди ҳозир оид ба ифтихор будани хизмат ба Ватан сухан гуфтанд.

Бо назардошти хизматҳои шоён ва пайваста Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо медали ҷашнии 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қардонӣ гардида, дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.

Ҳамзамон, бо чунин медали ҷашнӣ Прокурори ноҳияи Ашт Каримзода Тоҷиддин Ҳамро, Сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Давлатшоҳ Тағой, сардори КДАМ дар ноҳия Каримов Абдусаттор, Раиси Ҷамоати деҳоти Меҳробод низ сарфароз гардонида шуда, пешқадамон бо Сипосномаҳои Раиси ноҳия шарафёб гардидаанд.

Сипас, барои даъватшавандагон ҳамчун туҳфа шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардида, туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳияро гулдухтарон ба даъватшавандагон дода шуд.
Баромади сарбозони қисмҳои низомӣ, хонандагон, саҳнача, рақсҳои ҷаззобу сурудҳои дилнишин таъби ҳозиринро болида намуд.

Дар охир барои сиҳату саломат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат намуда, ба назди волидайн баргаштани даъватшавандаҳо маросими нонгазонӣ баргузор карда шуд.

Дар фарҷом акси хотирави гирифта шуд ва дар маҷмааи фарщангиву фароғатии “30-солагии Истиқоло” барои даъватшавандагон дастархони идона ороста шуд ва аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи фарҳангии ҷолиб пешниҳод гардид.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.