Ноҳияи Ашт ғолиби бистрӯзаи аввали пахтачинӣ шуд.

 300 боздид
 Имрӯз, 2 октябр дар шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ доир гардид ва ноҳияи Ашт ғолиби бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ эълон шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ​ дар ҷамъбасти бистрўзаи аввали мавсими пахтачинии ҳосили соли 2023 иброз дошт, ки​ бо шарофати сиёсати ҳадафмандона ва ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои ​ миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида истодааст.
   Таъкид карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади пурраву беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта миёни навоҳии пахтакор​ мусобиқаи меҳнатӣ эълон намуда буд. Бистрўзаи аввали мавсими пахтачинӣ ҷамъбаст гардид ва он нишон дод, ки мусобиқа барои ба даст овардани пешсафӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пурҷўшу хурўш аст.
  Аз натиҷаи давраи аввали мавсими пахтачинӣ заркорони ноҳияҳои Ашт ва Бобоҷон Ғафуров, инчунин Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт​ ғолибони мусобиқа дониста шуданд.
Дар ноҳияи Ашт соли ҷорӣ нақшаи истеҳсоли пахта 14207 тонна буда, аз аввали мавсим 6688,1 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ шуд, ки ба 47,1 дарсади нақша баробар аст. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсол 18791 тонна муқаррар шуда,​ заркорон то 1 октябр 7699,9 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ба 41 фоизи нақшаро ташкил мекунад.
   Боду ҳавои имсола новобаста аз тағйирёбии иқлим барои рушди пахта мусоид омад ва пахтакорони вилоят ният доранд, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда ҳосили хуб ба даст оранд. Дар назар аст, ки соли равон дар вилоят 135 ҳазору 200 тонна пахта истеҳсол карда шавад. То имрўз ба хирмани Ватан 39​ ҳазору 935,9 тонна дурри сафед рехта шуд, ки ба 29,5​ фоизи нақша баробар мебошад.
    Боиси таъкид аст, ки то ин давра​ дар ҷамъоварии ҳосил кишоварзони ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Зафаробод саҳми бештар гузоштанд. Онҳо ҳар рўз ба ҳисоби миёна баробари 2,5 – 3,5 фоизи нақшаи солона ҳосил ҷамъоварӣ карда, ба рафти чиниши пахта суръат зам намуданд ва пешоҳангони мусобиқа гардиданд.
     Раиси вилоят ҳамзамон​ ба ҳашарчиён – кормандани соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, ки бо амри дил ба кўмаки кишоварзон баромадаанд, миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро расонида, афзуд, ки ҳашарчиёни боҳиммат чун ҳарвақта ба марди деҳқон дасти мадад дароз намуда, барои бунёди хирмани «тиллои сафед»-и вилоят саҳми арзандаи худро мегузоранд.
     Дар зимн ба роҳбарони навоҳии пахтакор супориш дода шуд, ки​ вақтро ғанимат дониста, барои ҳарчи тезтар ҷамъоварӣ намудани ҳосили бо заҳмати марди деҳқон рўёнидашуда кўшиш ба харҷ диҳанд. Зеро ин омил ба нишондиҳандаҳои корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят бевосита таъсир намуда, барои ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.
Ба раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор зарур аст, ки барои тезонидани суръати чиниши пахта ва ҷамъоварии дигар зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
   Бо мақсади пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосили ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ дар вилоят «60 рўзи меҳнати зарбдор!» эълон карда шуд.
   Сипас, ба раисони шаҳру ноҳияи Ашт, Ҷамоати деҳоти Ашт ва роҳбарони як қатор хоҷагиҳои пешқадам мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
и ещё 10
Смотреть статистику
Продвигать публикацию
Все реакции:

Лола Ашурова, Камол Самиевич и ещё 102

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.