Баргузории фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар ноҳияи Ашт

 448 боздид

 

Баҳри амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар радифи корҳои ободкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон, бобати иҷрои қарорҳои Раиси вилояти Суғд, Раиси ноҳия ва бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин бахшида ба “Солҳои 2019 – 2021, солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ санаи 7 апрели соли дар назди бинои муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов” даври ноҳиявии фестивали ҳунарҳои мардуми таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид, ки намояндагони ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, шуъбаи маориф, мактаби рассомии ноҳия бо пешниҳоди маводҳои озмунии худ аз рӯи 4 номинатсия иштирок намуданд.
Дар асоси қарори комиссияи баҳодиҳии озмуни ноҳиявӣ ғолибони фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ба тариқи зайл муайян карда шуданд:
— дар номинатсияи “бофандагӣ” – Мусоева Р аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон;
— дар номинатсияи “наққошӣ” – Каримова З аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон;
— дар номинатсияи “бастубандшуда” – Тошматова Х аз Ҷамоати деҳоти Ошоба;
— дар номинатсияи “дӯзандагӣ” – Ҷамоати деҳоти Ашт;
— барои иштироки фаъолона шуъбаи маорифи ноҳия;
Дар ҷараёни ҷамъбасти фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Раиси ноҳия Зариф Мирдадо баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёни фестивал ва тамошобинонро бори дигар бо фарорасии Иди баҳор – Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, барои иштироки фаъолона дар ташкилу баргузории фестивал изҳори миннатдорӣ намуданд.
Сипас, аз ҷониби Раиси ноҳия ба ғолибони даври ноҳиявии фестивал Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.