Дар Ориён маркази савдо ба фаъолият оғоз кард

 919 боздид

Имрӯз, 17-уми феврали соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Ориён бозори ба номи  Қӯшмат Қаҳоров  мавриди истифода қарор гирифт, ки дар расми ифтитоҳи он иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Зариф Мирдадо иштирок намуд.

Зимни ба истифода додани бозори мазкур Зариф Мирдадо суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо дастгирии соҳибкорон дар ноҳия иншоотҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд гардида истодаанд. Имрӯз бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Қаҳҳоров Абдусалом боз як бозори нави ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мавриди истифода қарор гирифт, ки барои ба маъраи фурӯш гузоштани маҳсулоти хушсифат мусоидат мекунад.

Дар идома Зариф Мирдадо ба Қаҳҳоров Абдусалом ва ба шахсоне, ки дар бунёди  ин маркази савдо саҳмгузорӣ кардаанд минатдорӣ баён намуда, гуфт: “Умед аз он дорам, ки минбаъд низ соҳибкорон дар корҳои ободонии диёр ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум боз ҳам хизматҳои арзанда менамоянд”.

Соҳибкор Қаҳҳоров Абдусалом дар назди ҳозирин баромад намуда, таъкид дошт барои ободу зебо намудани ноҳия, ба маъраи фурӯш гузоштани маҳсулоти хушсифат ва бо ҷои кор таъмин кардани сокинон саҳми худро мегузорад.

Баъдан Зариф Мирдадо ва ҳозирин аз рафти фурӯши маҳсулоти бозори нав дидан намуданд.

Сохтмони бозори ҷамоати деҳоти Ориён моҳи ноябри соли 2016 оғоз гардида, моҳи январи соли 2017 ба итмом расонида шуд. Он бо харҷи  1 миллиону 215 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 2,95 гектар бунёд гардидааст. Дар бозори нав барои зиёда аз 50 нафар сокинон ҷои корӣ таъсис дода шудааст.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.