17-уми апрел дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ба номи Абӯалӣ ибни Синои ноҳия фестивал-озмун таҳти унвони «Гулдухтарони Суғдӣ» бахшида ба эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» ва Рӯзи байналмиллалии оила гузаронида шуд.
Дар фестивал-озмун 6 нафар ҷавондухтар аз рӯи 5 шарт омода намудани хӯрокҳои гуногун, намоиши либосҳои миллӣ, муаррифинома, сурудхонӣ ва намоиши саҳна ширкат намуданд.
Дар охир ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии МТМУ №17 қадрдонӣ карда шуданд.
Обода Каримӣ мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт гуфт, ки мақсад аз баргузории фестивал-озмун баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақил, фарҳанги либоспӯшӣ ва маҳорати кадбонугӣ мебошад.
Саодат ИСМОИЛӢ,
Сайидои ШОДӢ