Санаи 11 март барои инсонҳои фарҳангдӯст ва воқеан огоҳ аз тамаддуну арзишҳои миллии тоҷик санаи муборак аст. 108 сол муқаддам, 11 марти соли 1912 нахустшумораи рӯзномаи “Бухорои шариф” дар матбааи Когон ба дасти чоп расидааст. Барои бо забони тоҷикӣ пешниҳод гардидани рӯзномаи мазкур саҳми ду тан маорифчиёни фидокори тоҷик—Мирзомуҳиддин Мансурзода ва Мирзосироҷи Ҳаким беандоза аст. Ҳамчунин абармардони сухани ноби тоҷик ва фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Мирзоҷалол Юсуфзода, Абдурауфи Фитрат ва чанди дигар асосгузорони матбуоти тоҷик маҳсуб меёбанд. 11 март таҷлил шудани рӯзи матбуот дастоварди Истиқлолият аст, чун то соли 1994 ин идро санаи 5 май ҷашн мегирифтанд.
Имрӯз дар толори калони МИҲД-и ноҳияи Ашт Рӯзи матбуот таҷлил карда шуд.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аҳли қаламро бо 108-солагии матбуоти тоҷик таҳният намуд. Қайд карда шуд, саҳми воситаҳои ахбори омма ҷиҳати инъикоси рӯйдодҳои мухталифи ноҳия, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, расонаӣ кардани хабару навгониҳо калон аст. Изҳори эътимод карда шуд, баробари таҳлилу нақд, рӯзноманигорон ба инъикоси дастоварду комёбиҳо низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Як қатор собиқадорони матбуот ва намояндагони ВАО, мухбирони ҷамоатии рӯзномаи ноҳиявӣ, аз ҷумла, С.Азимӣ, Ф.Қурбонов, С.Саодатдинов, Ю,Сиддиқов, Н.Иброҳимов, Рустами Ато, З.Аҳмад ва чанди дигар бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гаштанд.
Т.МИСРОБӢ