Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ба хидматҳои шоёни иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯз, санаи 5 майи соли 2021 Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо ҳамроҳи намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Ш.Н. ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Набиев М. иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз номи Пешвои муаззами миллат ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд 4 ҳазор ва аз ҷониби Раиси ноҳия 500 сомонӣ тақдим гардид.
Таъкид гардид, ки иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат ва ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати ғамхорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Аёдатшудагон миннатдории самимии худро ба роҳбарияти Олии давлату ҳукумат иброз намуда, барои сулҳу оромӣ ва пешрафти кишвари азизамон дасти дуо бардоштанд.