“Иттифоқ” ғолиби “Ҷоми Федератсияи футболи ноҳияи Ашт”

 1 068 боздид

Нимаи дуюми рӯзи 12 феврал, дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, ректори Донишгоҳии давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷӯразода Ҷамшед, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Муъмин Машокир, мусобиқаи футбол байни дастаи футболбозони “Иттифоқ”-и Ҷамоати деҳоти Ифтихор ва дастаи футболбозони “Қалъа”-и Ҷамоати деҳоти Понғоз, барои дарёфти “Ҷоми Раиси ноҳияи Ашт” ва “Федератсияи футболи ноҳияи Ашт”, баргузор гардид.

Тавре ба мо Шараф Дадоматов муовини раиси Федератсияи футболи ноҳияи Ашт иттилоъ дод, барои дарёфти “Ҷоми Раиси ноҳияи Ашт” ва “Федератсияи футболи ноҳияи Ашт” 22 даста аз ҷамоату шаҳраку деҳоти ноҳия байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дастаи “Иттифоқ”-и Ҷамоати деҳоти Ифтихор бо задани 3 гол дар нимаи дуюми бозӣ ба дарвозаи “Қалъа”- и Ҷамоати деҳоти Понғоз соҳиби “Ҷоми Федератсияи футболи  ноҳияи Ашт” гардид.

Мавриди зикр аст, ки ҷойи сеюм насиби дастаи футболбозони “Орзӯ”-и Ҷамоати деҳоти Ориён, ҷойи дуюм насиби дастаи футболбозони “Қалъа”-и Ҷамоти деҳоти Понғоз ва “Ҷоми Федератсияи футболи ноҳияи Ашт”, насиби дастаи футболбозони “Иттифоқ”-и Ҷамоати деҳоти Ифтихор гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз тарафи ректори Донишгоҳии давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷӯразода Ҷамшед, барои голи нахустин ба футболбози дастаи “Иттифоқ” 600 сомонӣ ва аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Муъмин Машокир барои дарвозабони дастаи “Қалъа” 600 сомонӣ мабалағи пулӣ тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.