Санаи 12 апрели соли равон, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт маҷлиси машваратии назди Раиси ноҳияи Ашт бо иштироки муовинон, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, комиссари ҳарбӣ, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кишоварзон ва мутахассисони мизи ҳарбии Ҷамоатҳо, нозироти андоз, Раёсатҳои кишоварзӣ, молия, омор, идораи роҳ, кумитаи идораи замин, КДФ баҳисобгирии амволи ғайриманқул, шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва масъулони сехҳои духти либоси мактабӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси фаъолони вилояти Суғд, санаи 10 апрели соли равон дар шаҳри Гулистон гуфта шуданд, баргузор гардид.
Инчунин дар машварати корӣ ба масъулин дастуру супоришҳо оид ба тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, тибқи нақша ва бо сифати баланд омода намудани боқимонда иншоотҳои ҷашнӣ, назорати қатъии рафти кишти баҳорӣ махсусан пахта ва картошка дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ба кор даровардани пойгоҳҳои обкашӣ, ба охир расонидашуда тақсимоти оби полезӣ дар хоҷагиҳои пахтакор, таъмини иҷрои босифати нақшаи андози моҳи апрел, дар муҳлати муайяншуда ҷамъбаст намудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон, бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ байни онҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, фаъолияти бомароми сехҳои дӯзандагӣ, таъмини либосҳои хушсифати мактабӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бунёди сехи истеҳсоли кислород, саривақт таъмин намудани нафақа барои нафақахӯрони ноҳия, захираи доруворӣ барои пешгирии касалиҳои сироятӣ ва корҳои тарғиботӣ, безараргардонӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб дода шуд.
Дар охир Раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.