Мулоқот бо соҳибкорони маҳаллӣ дар Ашт

 1 192 боздид

Имрӯз, 21 июн дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мулоқоти роҳбарияти ноҳия бо соҳибкорони маҳаллӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда,  қайд кард, ки новобаста ба омодагиҳо ҳоло ҳам дар корҳои ободонӣ, созандагӣ, гулу гулзор кардани кӯчаву хиёбонҳои шаҳраки Шайдон корҳои ба итмомнарасида ҷой доранд.

Аз соҳибкорон даъват карда шуд, то барои бунёди коргоҳҳои нав оид ба коркарди маҳсулотҳои ширӣ,  гӯштӣ, ашёҳои маҳаллии пӯсту пашми чорвои майда чораҳо андешанд ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам  намоянд.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соҳибкоронеро, ки хоҳиши бунёди боғчаҳои бачагона ва муассисаҳои таълимиро доранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Дар фарҷоми мулоқот барои амалигардии дастуру супоришҳо ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин то санаи 1 августи соли равон муҳлат дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.