Тағироти кадрӣ дар соҳаи тандурустии ноҳия

 966 боздид

Имрӯз, 14-уми июн дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт тағироти кадрӣ дар соҳаи тандурустии ноҳия сурат гирифт.

Бино бар сабаби ба кори дигар гузаштан, Ҷонибек Ҳомидов аз вазифаи сартабиби беморхонаи марказии н. Ашт озод ва ба ҷои ӯ Имомов Абдурауф Рузибоевич сартабиби беморхонаи н. Ашт ба номи Истамқул Ҳасанов таъин гардид.

Абдурауф Имомов хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буда, то ин дам дар вазифаи муовини сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Ашт фаъолият дошт.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба кадри навтаъин дар вазифаи пурмасъулият барору сарбаландӣ таманно кард.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.