Мулоқот дар Ашт

 1 364 боздид

Имрӯз, 13-уми сентябр дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М. Воҳидов оид ба шарҳу тавзеҳи тағйироти нав ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ҷавонону сокинони ноҳия мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, муовини якуми раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ва раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ иштирок намуданд.

Дар мулоқот Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло баромад намуда, мақсад аз варид гаштани шарҳу тағйироти ахир ба қонуни мазкурро ба ҳозирин фаҳмонд.

Бо мақсади пешгирӣ аз исрофкорӣ дар тую маъракаҳо, маъракаҳои азодорӣ, ҷилавгирӣ аз бегонапарастӣ ва риояи расму оинҳои миллӣ ва бо дарназардошти пешниҳодҳо дар таҷлили 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Тағйиру иловаҳои ахир ба қонун масъулияти соҳибони маъракаҳоро низ баланд мебардорад ва онҳо дар баргузории тую маъракаҳо аз исрофкории зиёд худдорӣ мекунанд,-мегӯяд Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло.

Дар охири мулоқот байни масъулин ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.