Имрӯз 18 декабри соли ҷорӣ дар толори тӯйхонаи «Шаҳзод»- Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, Ҳикматуллозода Неъматулло ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо сокинони ин ҷамоат оид ба расонидани арзи сипоси Сарвари давлат ба мардуми кишвар ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи Интихобот, шарҳи мӯҳтавои муроҷиатномаи «Барқи Тоҷик» оид ба истифодаи нерӯи барқ ва оғоз бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз доир гардид.
Дар мулоқот Ҷамшед Маҳмудзода муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Аниса Ҷалилӣ муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, Хуршед Фарҳодзода роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Хушнуд, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо, омӯзгорон, вакилони ҷамоативу ноҳиявӣ ва фаъолони ҷамоат иштирок доштанд.
Нахуст Аниса Ҷалилӣ муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфт.
Ҳикматуллозода Неъматулл ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Понғоз зикр дошт, ки мо бояд нерӯи барқ то сарфакорона истифода намоем. «Имсол назар ба солҳои қаблӣ дар кишвари мо зимистон барвақт омад. Ҳарчанд ҳаво сард буд, ба ин нигоҳ накарда кормандони ширкати «Барқи Тоҷик» тавонистанд корҳои таъмирро ба анҷом расониданд. Аз Шумо сокинони шарафманди ҷамоат хоҳиш ба амал меорем, ки дар истифода қувваи барқ сарфакор бошед. Инчунин интизоми пардохти ҳаққи истифодаи барқро аз хотир набарорем».
Дар охир сокинон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин мулоқот дар дигар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия баргузор мегардад. Дар назар аст, ки нимаи дуюми рӯз мулоқот бо сокинони Ҷамоатҳои Шодоба ва Меҳробод баргузор мегардад.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар маркази ноҳия ҷиҳати сабзу хуррам намудани ноҳия ва дар пайравӣ ба иқдоми «Шаҳри сабз», ниҳолҳои ҳамешасабз бо иштироки меҳмонон доир мешавад.