Мулоқоти Раиси ноҳияи Ашт бо сокинони деҳаи Ҷигда

 1 044 боздид

Имрӯз, 19 ноябр дар деҳаи Ҷигдаи Ҷамоати деҳоти Ифтихор мулоқоти Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо оид ба баргардонидани ашхоси дар кофтукови ҷиноӣ қарордошта, бо пайвандони онҳо баргузор гардид.

Дар мулоқот Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, прокурори ноҳияи Ашт, раиси Ҷамоати деҳоти Ифтихор, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибон, сокинон ва пайвандони ашхоси дар кофтукови ҷиноӣ қарордоштаи деҳаи Ҷигда иштирок доштанд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин суҳбати ошкоро бо аҳли пайвандон ва наздикони дар рӯихати шахсони дар кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ашт қарор дошта ва баргардонидани онҳо ба Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар баромади худ иброз дошт,  аз 73 нафар шахсони дар самти экстремизм ва терроризм қарордошта, 16 нафар дар Ҷумҳурии Афғонистон, 39 нафар дар давлати Сурия, 3 нафар дар Ироқ, 7 нафар дар Туркия, 11 нафар дар Россия мебошанд, ки аз онҳо 19 нафаршонро занҳо ва 1 нафар ноболиғ ташкил мекунанд.

-Аз 19 нафар занони дар кофтукови ҷиноӣ қарор дошта, 14 нафарашон аз Ҷамоати деҳоти Ифтихор буда, синну соли онҳо аз 18 то 44 сола ва 1 нафар 62 сола мебошад.

Сафарзода Баҳриддин Сафар прокурори ноҳия дар баромади худ даъват ба амал овард, то сокинон минбаъд барои чунин рафторҳои ғайриқонунӣ роҳ надиҳанд ва нагузоранд то мардуми фарҳангдӯсти мо фирефта гарданд.

-Дар идомаи баромади хеш Сафарзода Баҳриддин зикр дошт, нақши кумитаи маҳаллаҳо, фаъолон дар деҳаҳо бояд назаррас бошанд, ҳар як нишонаҳои зуҳуроти пайдоиши ин ҳолатҳо зери таъсир қарор гирад, корбарӣ бо сокинони маҳал дар риоя ва иҷрои қонунҳо ва қарорҳои қабулшудаи давлат ва ҳукумат дар мадди аввал гирифта шавад.

Дар ноҳияи Ашт мувофиқи рӯйхати ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ашт 73 нафар ҷавонони мо дар кофтукови ҷиноӣ қарор доранд, ки аз онҳо 43 нафар аз Ҷамоати деҳоти Ифтихор буда, 14 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Аз 43 нафар, 37 нафар аз деҳаи Ҷигда, 4 нафар аз деҳаи Қирқуддуқ ва 2 нафар аз деҳаи Сарқамиш мебошанд, ки онҳо бо моддаҳои 307, иловаи 3, қисми 2 КҶ ҶТ ва моддаи 401, иловаи 1 КҶ ҶТ гунаҳкор ҳисобида шудаанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.