Бахшида ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамоту шаҳраки деҳоти ноҳия корҳои ободониву созандагӣ бо суръат ҷараён дорад.
Тавре Хуршед Фарҳодзода, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ориён иттилоъ дод, айни ҳол 270 тонна асфалти гарм оварда шуда, беш 500 метр роҳи дохили Ҷамоат мумфарш шудааст.
Инчунин мумфаршкунии роҳи марказии маҳаллаи Шаҳринав бо маром ҷараён дошта, тибқи нақша боз 250 тонна асфалти гарм оварда шуда, соҳибкорон ва сокинони Ҷамоат боз 1 километр роҳҳои дохили Ҷамоатро мумфарш мекунанд.