Санаи 14 майи соли равон, дар тарабхонаи «Бахт»-и ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии Оила маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳия, муовини Раиси ноҳия оид ба ичтимоиёт, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, якқатор мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, оилаҳои собиқадор, оилаҳои намунавӣ аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, оилаҳои касбу кори гуногун ва оилаҳои ҷавон ширкат намуданд.
Нахуст Раиси ноҳия Мирдадо Зариф кулли сокинон ва ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила таҳният гуфта, аз раванди дастгириҳои давлатии оилаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Баъдан дар фазои тантанавӣ дар ҳузури Раиси ноҳия тантанаи ақди никоҳи як ҷуфт навхонадорон ва сабти давлатии таваллуди 3 кӯдакон, ки дар арафаи Рӯзи байналмилалии Оила таваллуд шуданд, сурат гирифта, роҳбарияти ноҳия ба навхонадорон шаҳодатномаҳои ақди никоҳ, ба волидайни кӯдакон шаҳодатномаҳои таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Инчунин 9 ҷуфт оилаҳои намунавии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд. Баъд аз ба охир расидани чорабинӣ мудирони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Назира Муртазо ва кор бо занон ва оилаи ноҳия Обода Каримӣ ба шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳия ба номи Истамқул Ҳасанов ташриф оварда, ба модарони 3 кӯдаки навзод, ки дар арафаи Рӯзи байналмилалии Оила ба дунё омадаанд шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.