Санаи 14 майи соли равон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо рафти корҳои бартарафкунии оқибатҳои сел шинос шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, пайомадҳои сел дар ноҳия бартараф гардида, то имрӯз бо ҷалби техникаҳо ва ҳашари дастаҷамъона селроҳаҳо ва роҳҳои маҳаллӣ тоза карда шуд.
Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Ашт масоҳати 900 метр селроҳа ва дар Ҷамоати деҳоти Ошоба 500 метр роҳ барқарор карда шуд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ашт барои пурра бартарафкунии оқибатҳои ҳодисаи табиӣ, барқарорсозии роҳҳо ва срҳилмустаҳкамкунӣ супоришҳо дод.
Боиси зикр аст, ки бартарафсозии паёмадҳои сели азим дар ин ноҳия идома дорад.