ПАЁМИ табрикотии Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бахшида ба 31-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 954 боздид

  Ҳамдиёрони азиз!   

    Муҳтарам афсарону сарбозон ва

  собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳамаи Шуморо ба ифтихори 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, ки тайи 31 сол ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда истодаанд, пеш аз ҳама саломатӣ ва дар фаъолияти душвору пуршарафашон барору комёбиҳо орзу менамоям.

23-юми феврали соли 1993 қадамзании музаффаронаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо ташаббусу ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба як ниҳоди устувору пуриқтидоре табдил ёфтааст, ки метавонад бо афсарону сарбозони шуҷою далер, мутахассисони баландихтисосу кордон, техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ оромиву осоиштагии давлату миллатро таъмин намояд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини  ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

       Тоҷикистон кишвари сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ кишвари дунё ғараз надорад. Вале, вазъи сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу субот дар кишвар доимо омода бошем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сафармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми баён намудаашон ба  Маҷлиси Олии мамалакат таъкид намуданд, ки: “Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ  ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу том, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошад.”

Воқеан, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр, бообрӯ ва нангу номуси кишварамон ба ҳисоб меравад. Зеро, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ба ҳар як фарди содиқ ва бонангу номуси ин Ватан вобастагӣ дорад.

Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Қобили қайд аст, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан — Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд.

Фарзандони асили ноҳия низ дар қатори ҳазорҳо ҷавонони минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, бо садоқат ва имони комил, бо даъвати виҷдону супориши Ватан дар сафҳои Артиши миллӣ баҳри адои қарзи фарзандӣ камар бастаанд.

Имрӯз бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат ба такмили фаъолияти қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ баҳри ободӣ, таъмир ва сохтмони иншоотҳои варзишӣ, беҳтаршавии талаботҳои иҷтимоӣ доимӣ дастгирӣ менамояд.

Боварӣ дорам, дар кори тарбия кардан ва ба воя расидани мутахассисони барҷастаи соҳаи ҳарбӣ, афсарони содиқи Ватан саҳми кормандони комиссариат ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ минбаъд беҳтар гашта, дар ҳифзи дастовардҳои Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Ҳомиёни шуҷои Ватан!

        Мо бо Шумо ва афсарону сарбозони далеру ҷасури Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоли худ, ки фарзандони миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик мебошанд, ифтихор мекунем.

 

Боварӣ дорам, ки афсарону сарбозон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи бошарафу муқаддаси худ –ҳимояи Ватани азизамон, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро минбаъд низ сарбаландона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.

Ҳамаи Шумо родмардони миллат ва муҳофизони сулҳу ваҳдатро бори дигар ба ифтихори 31+-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Жумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватан рӯҳи матину иродаи қавӣ ва пирӯзӣ орзу менамоям.

 

Ҷашн муборак, родмардони Ватан!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.