АШТ: МОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СУЛАЙМОН ЗИЁЗОДА БА НОҲИЯ САФАРИ КОРӢ АНҶОМ ДОД

 510 боздид

21.02.2022

Субҳи имрӯз дар даромадгоҳи ноҳия Ашт Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва дигар шахсони расмӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Давлатзода Зафарбек,роҳбарияти  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳамроҳи дигар шахсони расмиро  истиқбол гирифтанд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ ҷараён гирад. Дар доираи иҷрои дастури Пешвои миллат бо иштироки  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд.

Сипас, муовини Сарвазир вобаста ба вусъат додани корҳо дар соҳаи обёрӣ, ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ, самаранок истифода бурдани замин ба масъулин дастур дод. Дар оғоз меҳмонон аз пойгоҳҳои Обкаши дар ноҳия, заминҳои кишоварзӣ  шинос гардиданд. Сулаймон Зиёзода вобаста ба барои рушд додани соҳаҳои кишоварзӣ ва саноъат тавсеаҳо пешниҳод намуд. Боздиди корӣ аз раванди бунёдкорӣ  дар Ҷамоати деҳоти Ориён идома ёфт.

Баъдан аз ҷараёни  марҳилаи омодагӣ  корхонаи саноатии ҷӯроббофӣ дар Ҷамоати деҳоти Шодоба дидан намуданд. Коргоҳи мазкур дар ҳамшафати роҳи “Ғафуров-Қаҳрамон-Пунгон” бунёд гардида, алакай корҳои таҳкурсигузорӣ оғоз шудааст. Шӯҳрат Муҳаммадзода ба меҳмонон иттилоъ дод, ки пас аз ба истифода додани коргоҳ 200 нафар бонувон аз 9 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар 3 баст ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешаванд. Сулаймон Зиёзода ба масуълин дарстур дод, ки сифати маҳсулот мувофиқ ба стандарти ҷаҳонӣ бошад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.