Қадами муборак ва хуҷастаи Иди Наврӯзи байналмилалро бо орзуи ниятҳои нек ба ҳамватанон, меҳмонон ва ҳозирини гиромц табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо иқболу саодат, шодиву сурур ва дар ҷодаи амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Воқеан, имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил Наврӯзи Аҷамро, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, бо хурсандиву хушҳолӣ ҷашн менамоянд.
Сокинони шарафманди ноҳия чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди бузурги миллӣ ва аҷдодии мо-Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ботанатана ҷашн гирифта мешавад.
Мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврӯзи ҷаҳонӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки дар шароити имрӯза воқеан ташаббусҳои Сарвари давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, мавқеъ ва мақоми кишвари моро торафт боло мебардорад ва ин албатта, боиси сарбаландию ифтихори бузурги мо — мардуми тоҷик аст!
Имрӯз ин ҷашни бостониву фархундаро аҳли сайёра ҳамчун рамзи сулҳу дӯстӣ, эҳёи табиат, вусъати ободкориву созандагӣ ва робитаҳои неки байни халқу миллатҳои гуногун истиқбол мегиранд.
Таҷлили ин ҷашни хуҷаста дар соле, ки аз баргузории маъракаҳои гуногуни сиёсӣ, воқеаву рӯйдодҳои таърихӣ ва таҷлили ҷашнвораҳои милливу давлатӣ холӣ нест, шукӯҳу шаҳомати онро боз ҳам бештар мегардонад, зеро Наврӯзи Аҷам беҳтарин падидаҳои фарҳанги аҷдодии моро дар худ ҳифз намудааст.
Дар ин бора Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим Наврӯзро бо омодагии хоса ҷашн гирифта, дар он беҳтарин ҳунару истеъдод ва хислатҳои неки инсониро ба намоиш мегузоштанд”.
Мардуми тоҷик аз қадим ҳунарманд буда, бо ҳунару касбҳои бобоии худ ифтихор менамоянд.
Дар радифи омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзи байналмилал дар ноҳия ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 дар бораи таҷлили фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъанавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ, ташвиқу тарғиби расму оин, фарҳанги зебопарастӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва густариши корҳои ободонӣ дар маҳал баргузор мегарданд.
Бори дигар фарорасии ҷашни мубораку бузурги Наврӯзи байналмилалро ба тамоми мардуми ноҳия ва ба ҳамаи Шумоён ҳозирини муҳтарам самимона табрик гуфта, орзумандам, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ бошад.
Наврӯзи фархунда муборак, ҳамдиёрони ва меҳмонони азиз!