Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат ба муносибати «Рӯзи милитсияи тоҷик».

 5 415 боздид

Ҳамдиёрони азиз!

Кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!

Ҷашни таъсисёбии мақомоти милитсияи тоҷик дар раванди таҷлили ҷашни бузурги  35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида истодааст.

Дар ин  лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумо кормандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро, ки дар роҳи  ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми арзанда мегузоред, бо иди касбиатон – Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфта, ба Шумо тани сиҳат, хонаи обод ва дар фаъолияти душвору пуршарафатон муваффақиятҳо орзу менамоям.

Милитсия  яке аз шохаҳои тавоно ва нерӯманди ҳар як давлат буда,  низому тартиботи ҷамъиятиро дар ҳама давру замон таъмин менамояд.

Милитсияи тоҷик аз оғози фаъолияти худ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонунҳои амалкунанда  ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ роҳи пуршараферо тай намудааст.

Мақомоти  милитсия дар самти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар роҳи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба анҷом  мерасонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд, ки кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеш истода мубориза бурдаанд.

Бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккил ва дигар қонуншиканиҳо фидокориву  ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузи давлати мо дар арсаи ҷаҳон  саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.

Воқеан ҳам кормандони милитсия дар даврони Истиқлоли давлатӣ имтиҳони вазнини таърих гузашта, махсусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри 20 вазифаҳои ба ӯҳдаашон гузоштаро бошарафона иҷро карданд.

Дар ин ҷода якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштаанд.

Падидаҳои нави ҷинояткорӣ дар ҷомеа, аз қабили терроризм, одамрабоӣ, гаравгонӣ, хариду фурӯши одамон, экстремизми динӣ, ҷиноятҳои муташаккил, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ба вуҷуд омадаанд, ки фаъолияти  кормандони мақомоти милитсияро боз ҳам вазнинтар мегардонданд.

Маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти мунтазами онҳо бо  дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҷиноят гирифта шуда, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Саҳми арзанда, хизмати шабонарӯзӣ ва қаҳрамонии Шумо  кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, устувор намудани суботи ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.

Дар ин роҳ садҳо нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро аз даст додаанд, ки хотираи неки онҳо ҳамеша пос дошта мешавад.

Хоҳиш мекунам, барои поси хотири абармардони ҳалокшуда як дақиқа лаҳзаи хомӯширо нигоҳ дорем.

Мардуми ноҳия хотираи неки фарзандони ҷасоратманди худ — кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ Уткур Абдувалиев, Шарифҷон Раҳмонов, Тоҳир Дадоматов, Садриддин Тоҳиров, Ғайратҷон Отаев, Аваз Собиров, Назирҷон Исмоилов, Қурбон Мирзоев ва даҳҳо дигаронро, ки дар роҳи адолат, пойдории давлату миллат, дар муборизаҳои шадид ҷон нисор кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир намебароранд.

Бояд қайд намоям, ки имрӯзҳо дар ноҳия маъракаи сиёсии муҳим — даъвати ҷавонписарони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳия оид ба иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ назаррас аст.

Бовар дорам, ки ҳар кадоми Шумо — кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ манфиати давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, пос медоред.

Бори дигар ҳамаи Шуморо бо иди касбиатон  табрик гуфта, дар адои вазифаи пуршарафу пурмасъулиятатон муваффақият орзу менамоям.

Ид муборак!

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.