Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт сокини Ҷамоати деҳоти Понғоз Моҳинисо Мирзоёроваро аёдат кард.
Аёдати мазкур бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа сурат гирифта, ба оилаи Мирзоёровҳо кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Дар суҳбат бо аҳли ин оила роҳбари вилоят таъкид кард, ки минбаъд низ қишри ниёзманди ҷомеа аз дастгириҳо бархурдор хоҳанд шуд.