Шиносоӣ аз вазъи техникаҳои соҳаи кишоварзӣ

 1 005 боздид

2 марти соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанинзода Нусратулло Бодом аз омодагии техникаҳои хизматрасони соҳаи кишварзии ноҳия ба мавсими нави кишту кор дидан намуданд.

Муҳаммадиев Рафторҷон, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт мегӯяд, гурӯҳи корӣ аз вазъи техникаҳои хизматрасони соҳаи кишоварзӣ ва парки трактории ноҳия аз наздик шинос гардида, ба вазъи техникаҳои хизматрасон баҳои баланд доданд.

Дар ноҳия 58 адад марказҳои хизматрасони техникӣ мавҷуд буда,  шумораи умумии техникаҳо 760 ададро ташкил медиҳад, ки дар мавсими нав ба фаъолият омода мебошанд.

Дар ҳудуди ноҳия 11 ҳазору 500 гектар заминҳо дар гардиши кишоварзӣ қарор дошта, 16 ҳазор гектар боғу токзор ва 5 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд.

Соли ҷорӣ дар назар аст, ки дар хоҷагии деҳқонии “Рахшона” зиёда аз 110 гектар замин обёрӣ карда шуда ба он пахта кишт карда мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.