Ҳамдиёрони азиз!
Қадами муборак ва хуҷастаи Иди Наврӯзи байналмилалро бо орзуи ниятҳои нек ба кулли мардуми ноҳия, меҳмонон ва ҳозирини чорабинии идона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо иқболу саодат, шодиву сурур ва дар ҷодаи амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Воқеан, имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил Соли нави миллӣ—Наврӯзи Аҷамро бо хурсандиву хушҳолӣ таҷлил менамоянд.
Сокинони шарафманди ноҳия чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди миллӣ ва аҷдодии мо-Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврӯзи хуҷастапай шаҳодат аз он медиҳад, ки дар шароити имрӯза воқеан ташаббусҳои Сарвари давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, мавқеъ ва мақоми кишвари соҳибтамаддуни моро торафт боло мебардорад ва ин албатта, боиси сарбаландию ифтихори бузурги мо — мардуми тоҷик аст!
Имрӯз ин ҷашни бостониву фархундаро аҳли сайёра ҳамчун рамзи сулҳу дӯстӣ, эҳёи табиат, вусъати ободкориву созандагӣ ва робитаҳои неки байни халқу миллатҳои гуногун истиқбол мегиранд.
Таҷлили ин ҷашни хуҷаста дар соле, ки аз баргузории маъракаҳои гуногуни сиёсӣ, воқеаву рӯйдодҳои таърихӣ ва таҷлили ҷашнвораҳои милливу давлатӣ холӣ нест, шукӯҳу шаҳомати онро боз ҳам бештар мегардонад, зеро Наврӯзи Аҷам беҳтарин падидаҳои фарҳанги аҷдодии моро дар худ ҳифз намудааст.
Дар ин бора Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим Наврӯзро бо омодагии хоса ҷашн гирифта, дар он беҳтарин ҳунару истеъдод ва хислатҳои неки инсониро ба намоиш мегузоштанд”.
Мардуми тоҷик аз қадим ҳунарманд буда, бо ҳунару касбҳои бобоии худ ифтихор менамоянд.
Дар радифи омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзи байналмилал дар ноҳия ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъанавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз қабили, Иди Сада, намоиши ниҳолҳо, фестивали “Атласу адрас”, “Чакомаи гесӯ”, озмунҳои “Дастархонороӣ”, “Сайри гули лола” бо мақсади таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ, ташвиқу тарғиби расму оин, фарҳанги зебопарастӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва густариши корҳои ободонӣ дар маҳал баргузор гардида, дар тантанаи имрӯзаи наврӯзӣ фестивали “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, озмунҳои “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” ва “Кадбонуи беҳтарин” баргузор мегарданд.
Инчунин, суннати дигари наврӯзӣ анҷом додани амалҳои хайру савоб, бахусус дастгирии ятимону барҷомондагон, шахсони муҳтоҷу ниёзманд ва маъюбону пиронсолон аз ҷониби шахсони саховатпешаву савобҷӯ ба шумор рафта, ба мустаҳкам гардонидани риштаи дӯстиву рафоқат ва ягонагӣ дар ҷомеа замина мегузорад.
Ҳамдиёрони азиз!
Воқеан, Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гурпӯш кардани майдону хиёбонҳо мебошад.
Яке аз ҳадафҳои давлат аз эълони солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он иборат аст, ки бо истифодаи имкониятҳо деҳаҳоро обод кунем, инфрасохтори иҷтимоиву сайёҳиро тараққӣ диҳем ва бо ин роҳ ҷойҳои нави корӣ муҳайё созем.
Танҳо дар соли 2019 бо истифодаи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба рафти омодагиҳо ҷиҳати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 147 иншоотҳо, аз қабили сохтмони 33 синфхонаҳои иловагӣ, бунёд ва таъмиру азнавсозии 6 коргоҳҳои истеҳсолӣ, сохтмони 5 сартарошхона, 38 марказҳои хизматрасониву нуктаҳои савдо, бунёду таъмири 4 толорҳои варзишӣ, бунёди 5 майдончаҳои варзишӣ ва 1 майдончаи бозии бачагона, азнавсозии 1 варзишгоҳ, кофтану таъмири 14 адад чоҳҳои амудӣ, таъмиру васеъкунии роҳҳо, сохтмону таъмири 4 адад купруки мошингузар, бунёд ва таъмири истгоҳҳо, бунёди боғу токзори ҷавон, аз ҷумла, интенсивӣ ба маблағи умумии 34,4 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми диёрамон мебошад.
Бовар дорам, ки дар оянда низ чунин амалҳои созанда вусъати бештар касб карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳия тавассути бунёди иншоотҳои нав ба нав боз ҳам ободу зебо мегардад.
Айни замон дар кишвари азизамон ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ шуда истодааст.
Дар ин раванд дар ноҳия 10 корхонаю коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият фаъолият намуда, тибқи нақшаи чорабиниҳои саноатикунонии ноҳия солҳои 2020-2021 17 адад коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз қабили бунёди коргоҳи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, дару тиреза, маводҳои сохтмонӣ, истеҳсоли мебел, оҳаксанг, масолеҳи пластикӣ, коркарди сангҳои табиӣ, шир, коргоҳи ресандагӣ ва дӯзандагӣ бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд.
Умед бар он дорам, ки соҳибкорону саховатмандон, шахсиятҳои ватандӯсти ноҳия дар бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ саҳм гузошта, бобати бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон, алалхусус, ҷавонон шароити мусоид фароҳам меоранд.
Бори дигар фарорасии ҷашни мубораку бузурги Наврӯзро ба тамоми мардуми ноҳия ва ба ҳамаи Шумоён ҳозирини муҳтарам самимона табрик гуфта, орзумандам, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ бошад.
Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!