Санаи 16 ноябр дар қисмҳои низомии 0216 ва 14356Б Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт сарбозону наваскаронро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати аввали НБО “Роғун” табрик намуд.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, зимни баромади хеш қайд кард, артиши миллӣ, аз ҷумла қушунҳои сарҳадӣ дар ҳама давру замон яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ба шумор меравад. Раиси ноҳия барои сарбаландона хизмати Ватанро ба ҷо овардан ба наваскарон барору муваффақият таманно кард.
-Сарбозону афсарони диловар ба хотири ояндаи дурахшон ва зиндагии тинҷу осоиштаи халқ сарзамини аҷдодиро дар набардҳои тақдирсози таърихи Ватан эҳтиёт намуданд ва то ҳатто ҷони худро дареғ надоштанд. Ҷасорату мардонагӣ ва қаҳрамониҳои онҳо намунаҳои арзандаи дарси ватандӯстиву ватандорӣ барои насли имрӯзаи миллат мебошад.
Сипас чандин афсарону сарбозоне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ софдилона хизмат намуда истодаанд бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир баҳри болидахотирии сарбозону афсарон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод карда шуд.