Ҳамдиёрони азиз!
Иди Наврӯзи байналмилалро, ки соли равон дувоздаҳумин солгарди ҷаҳонишавии ин ойини бостонӣ мебошад, ба тамоми хурду бузурги ноҳия самимона табрик мегӯям.
Орзумандам, ки ин ҷашни байналмилалӣ дар соли таҷлили ҷашнвораҳои бузургу таърихӣ ба диёри сарсабзамон осоишу ободӣ, нерӯи созандаву офаранда ва баракату фаровонӣ ҳадя намояд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Наврӯз шукуҳу тобиши тоза пайдо карда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байналмилалӣ гардид.
Мо бо шодмонӣ эълон медорем, ки Наврӯзи даврони истиқлол паёмовару оғозгари рӯзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост.
Воқеан, таҷлили ин ид ба мардум некиву покизагӣ, хушбахтӣ ва ба дастурхони ҳар хонадон файзу баракат ато намуда, ризқу рӯзии пиру барноро меафзояд ва ба кишоварзон кушоиши кору ҳосили фаровон мебахшад.
Наврӯз на танҳо як ҷашни оғози сол, эҳёи табиат, хуррамии рӯзгор, балки такондиҳандаи андешаи ваҳдати оламу одам, шиносоӣ бо таърихи пурғановат ва омили тақвияти ифтихори миллии мо буда, ҳамчунин, ҷашнест, ки дилҳоро ба илҳому офарандагӣ, созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.
Яке аз анъанаҳои пурарзиши наврӯзӣ ин аст, ки мардум макони зист, ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро тозаву озода мегардонанд, ҳамунин, ботину зоҳири худро аз кинаву адоват, хушунату бадбинӣ пок месозанд ва ҳамдигарро бо чеҳраи шоду оғӯши кушода қабул мекунанд.
Бузургдошти Наврӯз –арзёбии решаҳо, таърих ва дастовардҳои тамаддуни ориёӣ ва дигар тамаддунҳои шарқӣ, ҳамчун ҳиссаи онҳо дар ғанӣ гардонидани ганҷинаи тамаддуни башарӣ мебошад. Инкишофу пешрафти фарҳанги зиндагии созгор ба табиат ва муҳити зист яке аз ҷиҳатҳои муҳими асолати наврӯзӣ мебошад.
Ҳар гоҳ, ки мо Иди Наврӯзро ҷашн мегирем, таманнои орзуҳои ҳазорсолаҳои нахустини таърихи ниёгонамонро ба хотир меоварем. Ин ҳамон паёмест, ки тору пуди тамоми пайвандҳои моддию маънавии аҷдоди моро то ба имрӯз танида, пуле барои ҳаёти гузаштаи дуру муосири мо бунёд кардааст.
Дар кишвари азизамон, аз ҷумла, дар ноҳияи мо низ солҳои охир ба истиқболи ин ҷашни фархунда баробари иҷрои суннатҳои он, инчунин, вусъат додани корҳои созандагиву ободгарона ба ҳукми анъана даромадааст.
Боиси қаноатмандист, ки сокинони ноҳия, махсусан, соҳибкорони бонангу номус масъулияти хешро дар роҳи ободии диёр ба хубӣ дарк кардаанд ва дар ин самт фаъолияти густурдаро ба роҳ мондаанд.
Имрӯзҳо аз ҷониби соҳибкорону саховатмандон бунёду ба истифодадиҳии иншоотҳои таъиноти гуногун, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва дигар иншоотҳо ба ҳукми анъана даромадааст ва ин ҳама ободкориҳо натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми диёр ва нишонаи ободӣ, рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони ноҳия ба ҳисоб меравад.
Боиси зикр аст, ки дар рушди соҳаи кишоварзии ноҳия саҳми арзандаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамоавӣ ва соҳибкорони алоҳида хеле зиёданд, дар истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва умуман, маданияти заминдорӣ намунаи ибрат мебошанд ва бешубҳа кишоварзон минбаъд низ ба хотири фаровонии дастурхони мардум содиқона заҳмат менамоянд.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар баробари тантанаҳои наврӯзӣ ҳар як ваҷаби заминро самаранок истифода карда, ба кишту кор машғул шавем, ниҳол шинонем, боғ бунёд кунем, майдону кӯчаҳо ва хиёбонҳоро гулзор намоем ва муҳити атрофро тозаву озода нигоҳ дорем.
Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар кишвари соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил Наврӯзро таҷлил менамоем
Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар як фарди бонангу номуси диёр тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.
Бигузор, ҷашни Наврӯз ҳамчун пайвандгари дирӯзу имрӯз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси нодири аҷдодамон барои мардуми диёр, аз ҷумла ҷавонони ояндасози мо ба сифати арзиши бебаҳои маънавӣ хизмат намояд.
Бо боварӣ зикр менамоям, ки мардуми ноҳия минбаъд низ иқдомҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, бо меҳнати садоқатмандона дар рушди ҷомеа, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Бори дигар фарорасии ин ҷашни бузург- Наврӯзи байналмилалро ба тамоми сокинони ноҳия самимона табрику шодбош гуфта, ба ҳар яки сокини ноҳия хонаи обод, иқболи нек, зиндагии орому осуда, саодати доимӣ, бигзор андешаву афкоратон ҳамагӣ сабзу мунаввар бошад ва ба Тоҷикистони азизамон Наврӯзи ҷовидонӣ орзумандам.
Наврӯз, ки чун моҳи мунир омадаӣ,
Бо назри вафо чӣ беназир омадаӣ.
Фасли тарабу нишоти гулрез,
Бар ҳамватанон, шеваи тар омадаӣ!
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!