Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар ноҳияи Ашт

 1 288 боздид

Нимаи дуюми рӯзи 22-уми май дар варзишгоҳи марказии ноҳия Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда шуд, ки дар он зиёда 6 ҳазор сокинони ноҳия ҷамъ омаданд.
Дар таҷлили Рӯзи ҷавонон Мақсудзода Фаррух намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд сардори Раёсати тандурустӣ, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва сокинони ноҳия иштирок доштан.
Раҳпаймоии зиёда аз 1000 нафараи кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон ва наврасону кӯдакон дар шоҳроҳи Ҷамоати шаҳраки Шайдон баргузор гардид. Ҷавонон шиору овзеҳои гуногун ба даст гирифта бо шукргузорӣ аз тинҷиву осудагӣ раҳпаймоӣ намуда, якдилона иброз доштанд, ки пайравони Пешвои миллат ҳастанд ва сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварро сармашқи кори худ медонанд ва баҳри ободии Тоҷикистони азиз пайваста талош меварзанд.
Дар варзишгоҳи марказии ноҳия Мақсудзода Фаррух, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд табрики раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи ҷавонон ба самъи ҳозирин расонда иброз дошт, Имрӯз Тоҷикистон ба нерӯи ақлонӣ ва зеҳнии ҷавонони босавод, боинтизом, бомаърифат, масъулиятшинос ва фаъол такя мекунад, зеро асоси мустаҳкамии давлату миллат ба ҷавонон вобастагии қавӣ дорад.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷавононро ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта, таъкид дошт, ки ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат қарор доранд. Солҳои охир шумораи ҷавонони зиндадил, ки дар дили онҳо ҳисси ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҷӯшу хурӯш зада бо хоҳишу амри дил ба хизмати ҳарбӣ зиёд шуда истодааст, махсусан шумораи ҷавонон баъди хатми макотиби олӣ назаррас аст. Хурсандиовар аст, ки ноҳия нақшаи даъвати баҳориро рӯзи 20 май сарбаландона иҷро намуд.
Дар таҷлили Рӯзи ҷавонон ба 13 нафар ҷавонони фаъол, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар пешбурди ҷомеъа саҳми босазо гузоштаанд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ба 45 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ стипендияи раиси ноҳия тақдим карда шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби ҳунармандони Бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ манзури иштирокдорон гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.